Sprache auswählen

Сиёсати маҷалла

Маҷаллаи «Номаи донишгоҳ : силсилаи илмҳои ҷамъиятӣ» аз 1-уми ноябри соли 1948 ба нашр мерасад. Аз моҳи январи соли 2015 тибқи талаботи Вазорати маориф ва илми ФР №793 аз 25-уми июли соли 2014 силсилаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносии «Номаи донишгоҳ» мақола чоп кардааст. Аз рӯйи талаботи қарори Раёсати олии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми сентябри соли 2025, № 10 силсилаи илмҳои ҷамъиятӣ ба як бахши ҷудогонаи «Номаи донишгоҳ» ҷудо гардида ва дар назар аст, ки мақолаҳо дар соҳаҳои психология, иқтисодиёт ва педагогика ба нашр расанд. Самтҳои муҳимми фаъолияти нашрияи «Номаи донишгоҳ : силсилаи илмҳои ҷамъиятӣ» ба нашри мақолаҳои нави пажуҳишӣ дар заминаи илмҳои психология, иқтисодиёт ва педагогика ихтисос ёфтааст. Ҳайъати таҳрир ва Шурои мушовараи маҷалла ба иҷрои вазифаҳои муҳимми зерин масъуланд: нигаҳдошти сатҳи баланди илмии маводи мавриди нашр, ки дар онҳо масъалаҳои мубрами ҳаёти кишвар ва олами муосир инъикос ёбанд ва фарогири ғояҳои эҷодие бошанд, ки ба рушди ин илмҳо мусоидат доранд. Дар маҷалла мақоми рӯзафзуни илмҳои ҷамъиятӣ дар пешрафти ҷаҳони муосир дар таҳқиқи мутахассисони баландихтисос нишон дода мешавад. Ҳайъати таҳрири маҷалла мақолаҳоеро ба чоп ҳозир менамоянд, ки ба ҳалли масъалаҳои умдаву амалии илмҳои ҷамъиятӣ нигаронида шудаанд. Дар онҳо истифодаи усулҳои муосири илмӣ, аз ҷумлаи шароити ҳатмии чопи мақолаҳо ба назар гирифта мешаванд, ки дар раванди таълим, эҷоди илмӣ, фарорафти дигаргуниҳои Тоҷикистони муосир ва вусъати донишҳои ҷамъиятӣ мавқеи басо муҳим мебозад. Дар шароити рушди ҷомеаи муосир таҳқиқи масъалаҳои муҳимми илмҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла психология, иқтисодиёт ва педагогика, аҳаммияти махсус дорад. Омӯзиши равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва таълимӣ, инчунин таҳлили омилҳои таъсиррасон ба рушди шахсият ва ҷомеа барои муайян намудани роҳҳои самараноки ҳалли масъалаҳои мубрами замони муосир муҳим мебошад. Дар маҷалла натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, мақолаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва обзорӣ аз рӯйи масъалаҳои мубрами психология, иқтисодиёт ва педагогика ба нашр мерасанд. Дар самти психология масъалаҳои психологияи умумӣ, иҷтимоӣ, синнусолӣ, педагогӣ ва амалӣ, психологияи шахсият, равандҳои маърифатӣ, рушди қобилиятҳо, муносибатҳои байнифардӣ, ҳавасмандӣ, солимии равонӣ ва дигар масъалаҳои мубрами илми равоншиносӣ мавриди таҳқиқ қарор мегиранд. Дар самти иқтисодӣ таҳқиқоти марбут ба назария ва амалияи иқтисодӣ, иқтисоди миллӣ ва минтақавӣ, идоракунии иқтисодӣ, молия ва қарз, фаъолияти соҳибкорӣ, иқтисодиёти корхонаҳо, бозори меҳнат, иқтисодиёти иҷтимоӣ, рушди устувор, сиёсати иқтисодӣ, муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, инчунин масъалаҳои муосири рушди иқтисодӣ ба баррасӣ гирифта мешаванд. Дар самти педагогика масъалаҳои назария ва таърихи педагогика, педагогикаи умумӣ ва иҷтимоӣ, психологияи педагогӣ, методикаи таълим ва тарбия, технологияҳои муосири таълим, таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, касбӣ ва олӣ, рушди салоҳиятҳои омӯзгорӣ, тарбияи насли наврас, таҳсилоти фарогир ва дигар самтҳои мубрами илми педагогӣ мавриди таҳқиқ қарор мегиранд. Маҷалла барои нашри натиҷаҳои нави таҳқиқоти илмӣ, андешаҳои илмӣ-таҳлилӣ, мақолаҳои методологӣ ва маводи дорои аҳаммияти назариявию амалӣ, ки ба рушди илмҳои ҷамъиятӣ ва такмили низоми иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маорифӣ мусоидат менамоянд, пешбинӣ шудааст. «Номаи донишгоҳ : силсилаи илмҳои ҷамъиятӣ» ба феҳрасти маҷаллаҳо ва нашрияҳои илмии пешбари тақризшавандаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КОА-и назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия, ки натиҷаҳои асосии рисолаҳо барои дарёфти унвонҳои номзад ва докторони илмҳо дар онҳо бояд нашр гарданд, дохил шудааст.